«Дар китоби «Авесто», ки таърихи навишти он қариб 5-6 ҳазор сол пеш аст, аз минтақаҳои муқаддаси кишварҳои ориёӣ номбар мешавад. Вақте навбат ба кишвари Бохтар мерасад, номи онро «кишвари Бохтар бо парчамҳои афрошта» ном мебаранд. Яъне мардуми мо соҳиби парчам ё бо парчамҳои афрошта будаанд, ки доир ба он дар сарчашмаҳои таърихӣ ва адабиёти бадеӣ зиёд зикр шудааст»,-иброз дошт Сайфиддин Назарзода, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) зимни барномаи фарҳангие, ки имрӯз дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи Прачами Тоҷикистон баргузор гардид.
Раъно Бобоҷониён, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз таърихи парчамдории тоҷикон чунин иброз дошт: «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз ҳамчун як рамзи давлатдорӣ шинохта шудааст, албатта, дар як заминаи хушку холӣ ба миён наомадааст. Дар иртибот ба омода кардани он аз сарчашмаҳои хеле зиёди таърихӣ ва фарҳангӣ истифода шудааст. Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст ва ин мақсаду маром бо ранг ва нақшҳои хос дар он таҷассум ёфтаанд».
Дар барномаи фарҳангии мазкур кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва зиёда аз 200 нафар донишҷӯёни макотиби олии кишвар иштирок намуданд.