Ифтитоҳи кӯдакистони Табассум дар шаҳри Ҳисор
Опубликовано сб, 05/11/2016 - 09:12 пользователем tvtАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор дар расми ифтитоҳи Кӯдакистони «Табассум» иштирок карданд.
Дар ин ҷо ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки кӯдакистони мазкур имкон дорад ҳамарӯза 220 нафарро ба таълиму тарбия фаро гирад, ки ин раванд ҳадафҳои давлату ҳукумати кишварро дар самти бештару беҳтар фаро гирифтани кӯдакон дар зинаи аввали таълиму тарбия пиёда месозад.