Хабар

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Хоруғи
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
озод намудани Алибердиева Қ.Х.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Алибердиева Қиматгул Худобердиевна бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.

«Шашмақом» ва «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти Шашмақом»- рӯнамоии китобҳои шашҷилда дар Театри давлатии академии опера ва балет

Имрӯз дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии китобҳои шашҷилдаи «Шашмақом», «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти Шашмақом» ва барномаи ҳунарии сарояндагони санъати мақомхонӣ баргузор мегардад.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ муборизаро бар зидди гурӯҳҳои террористӣ пурзӯр менамояд

Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки ҷавонон, имомхатибон ва фаъолони шаҳру ноҳияи Кӯлоб дар мавзӯи «Экстремизму терроризм ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро» мулоқот доир гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд.

Страницы