Изҳороти муштарак оид ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка

1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Ҷаноби Олӣ Майтрипала Сирисена 12-14 декабри соли 2016 аз Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка боздиди давлатӣ ба амал овард. Дар рафти сафар Президент Эмомалӣ Раҳмон бо Президент Сирисена, Сарвазир Ранил Викремесингҳ ва Раиси Парлумон Кару Ҷаясурия дар Коломбо мулоқотҳои расмӣ анҷом дод.

2. Қабл аз сафари давлатӣ мулоқоти Сарвазир Викремесингҳ бо Президент Раҳмон дар ҳошияи 12-умин Форуми умумиҷаҳонии иқтисодии исломӣ дар моҳи августи соли 2016 дар Ҷакарта, Индонезия баргузор шуда буд.

3. Президент Сирисена дар суханронии ифтитоҳии худ зимни музокироти дуҷониба иброз дошт, ки истиқбол аз нахустин боздиди Роҳбари кишвар аз Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) мояи ифтихор аст ва алоқамандии Шри-Ланкаро барои таҳкими робитаҳои наздик бо кишварҳои дӯсти ИДМ баён намуд.

4. Дар ҷараёни баррасии доираи васеи масъалаҳо Президенти Тоҷикистон ва Президенти Шри-Ланка тааҳҳуди худро ҷиҳати фаъолона пеш бурдани рӯзномаи ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ таъкид намуданд. Дар ин робита, онҳо аз барномаҳое, ки барои тавсеаи ҳамкориҳо, аз ҷумла, дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф ва саёҳат пешниҳод шуданд, қаноатмандии хешро изҳор намуданд ва ҷиҳати таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самтҳои зерин ба мувофиқа расиданд:

Робитаҳои сиёсӣ 

5. Ду Роҳбар табодули боздидҳо ва вохуриҳои мунтазам дар сатҳи олӣ ва дар сатҳи ашхоси расмии ду кишварро барои тақвияту рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Шри-Ланка муҳим мешуморанд. Дар ростои татбиқи ин ҳадаф ва инчунин танзими робитаҳои байнидавлатӣ заминаи ҳуқуқӣ бо имзои  Ёддошти тафоҳум оид ба машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Шри-Ланка ба расмият дароварда шуд.

6. Бо дарназардошти аҳамияти ҳамкории байнипарлумонӣ ва табодули сафарҳои ҳайатҳои парлумонӣ, Тарафҳо зарурати таъсиси Гурӯҳи дустии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Шри-Ланкаро дар парлумонҳои ду кишвар таъкид намуданд.

7. Президент Раҳмон ва Президент Сирисена нақши сафоратҳои ду кишварро ҷиҳати тавсеа ва пешбурди рӯзномаи масъалаҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ карда, аз таъини Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шри-Ланка ва Сафири фавқулода ва мухтори Шри-Ланка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол намуданд.

Ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ 

8. Ду Роҳбар ба мувофиқа расиданд, ки аз имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ ва тиҷоратии кишварҳои ҳамдигар, аз ҷумла дар соҳаҳои молия ва бонкдорӣ, энергияи барқароршаванда, бахусус гидроэнергетика, саноати сабук, нассоҷӣ ва либосдӯзӣ, кишоварзӣ, хӯрокворӣ, тандурустӣ, технологияҳои иттилоотӣ, нақлиёт, логистика ва саёҳат истифода хоҳанд кард. Дар ин замина, Роҳбарон зарурати таъсиси Комиссияи муштараки иқтисодии байниҳукуматӣ (байнивазоратӣ)-ро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва техникӣ таъкид намуданд.

9. Бо изҳори алоқамандӣ ба густариши тиҷорати дуҷониба, Президент Раҳмон ва Президент Сирисена аз пешниҳоди таъсиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистон ва Шри-Ланка ва имзои Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдои Шри-Ланка ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол  карданд. Ду Роҳбар робитаҳои фаъоли бахши хусусӣ ва соҳибкорони ду кишварро тавассути табодули ҳайатҳои тиҷоратӣ ва иштирок дар форумҳои иқтисодӣ ва намоишгоҳҳои тиҷоратӣ дар кишварҳои ҳамдигар, ташвиқ хоҳанд кард. Тарафҳо омодагии худро ҷиҳати таъмини заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ ва шароити лозима барои фаъолияти самараноки доираҳои сармоягузор, соҳибкорон ва корхонаҳои муштараки саноатии Тоҷикистон ва Шри-Ланка дар кишварҳои ҳамдигар, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва паркҳои саноатӣ, изҳор намуданд.

10. Дар ин робита, ду Роҳбар аз имзои Ёддоштнома байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати стратегияи рушд ва тиҷорати байналмилалии Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка дар мавриди мувофиқасозии созишнома оид ба ҳамкории мутақобил истиқбол карданд.

Ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳанг, маориф, саёҳат, варзиш ва робитаҳои байнимардумӣ 

11. Тарафҳо роҷеъ ба пайвандҳо ва арзишҳои муштараки фарҳангии ду кишвар табодули назар карданд ва пешниҳодҳоро ҷиҳати роҳандозӣ ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳанг ва маориф, инчунин варзиш, саёҳат ва робитаҳои байнимардумӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

12. Дар ин замина, ду Роҳбар аз имзои созишнома ва Ёддоштҳои тафоҳуми зерин байни Тоҷикистон ва Шри-Ланка истиқбол намуданд:

• Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

• Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

13. Президент Раҳмон ва Президент Сирисена бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти соҳаи маориф дар ду кишвар, аз пешниҳодҳо барои роҳандозии ҳамкорӣ дар бахши таҳсилоти олӣ, аз ҷумла ташкили давраҳои омӯзишӣ, табодули устодон ва донишҷӯён ва тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак, истиқбол намуданд.

14. Ду роҳбар ҳамчунин масъалаи истифода аз имкониятҳои ташкили давраҳои омӯзишии дипломатӣ ва забони синҳалӣ барои дипломатҳои ҷавони Тоҷикистон дар Шри-Ланка баррасӣ ва мувофиқа карданд.

Ҳамкории амниятӣ ва масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ

15. Президент Раҳмон ва Президент Сирисена таҳдидҳои терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзиро ба амнияти миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аз як дидгоҳ арзёбӣ намуда, ҷиҳати таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният ва таъсиси гурӯҳи корӣ байни мақомоти дахлдори ду кишвар ба мувофиқа расиданд.

16. Ҳарду роҳбар бо қаноатмандӣ сатҳи кунунии ҳамкориҳои  ду кишварро дар чаҳорчӯбаи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва дигар сохторҳои бисёрҷонибаи минтақавӣ ва байналмилалӣ зикр карданд ва ба мақсади таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар ҳошияи СММ онҳо ба мувофиқа расиданд, ки аз манфиатҳои ҳамдигар, аз ҷумла ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар ростои Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030, инчунин номзадҳои кишварҳои ҳамдигар дар сохторҳои интихобии СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҷонибдорӣ хоҳанд кард.

17. Президент Сирисена аз роҳандозии Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки ба Маҷмааи Умумии СММ аз ҷониби Президент Раҳмон барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор марбут ба об пешниҳод шудааст, истиқбол ва ҷонибдорӣ кард.

18. Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Президент Майтрипала Сирисена, Сарвазир Ранил Викремесингҳ ва мардуми Шри-Ланка барои истиқболи гарм ва меҳмоннавозии самимӣ, ки нисбат ба ӯ ва ҳайати ҳамроҳаш зимни сафари давлатӣ сурат гирифт, изҳори сипос кард.

19. Бо истифода аз фурсат, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка даъват ба амал овард, ки ба Тоҷикистон сафари давлатӣ анҷом диҳад.

20. Президент Сирисена ба Президент Раҳмон барои даъват изҳори сипос намуд ва изҳор дошт, ки дар нимаи аввали соли оянда ният дорад аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал оварад.

Tags: