Хабар

Ҷоми Тоҷикистон: «Истиқлол» ва «Ҳосилот» пагоҳ дар бозии ниҳоӣ бо ҳам қувва месанҷанд

Дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Ҳосилот»-и Фархор дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон пагоҳ дар соати 14:00 вориди майдони Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ мегарданд. Футболбозони «Истиқлол» дар таърихи худ маротибаи ҳаштум дар вохӯрии финалӣ ширкат меварзанд, ки дар ин силсила 5 маротиба ғолиб омада, ду маротиба мағлуб шудаанд. «Ҳосилот»-и Фархор баъди соҳиб шудан ба медалҳои нуқраи Чемпионати имсола бори аввал дар бозии ниҳоӣ ширкат меварзад.

Президенти FIFA Ҷанни Инфантино «Истиқлол»-и Душанберо бо унвони чемпионӣ табрик кард

Президенти Федератсияи футболи ҷаҳонӣ Ҷанни Инфантино дастаи «Истиқлол»-и Душанберо, ки маротибаи панҷум унвони чемпионии Тоҷикистонро ба даст овард, табрик кард.

Дар Остона ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии СААД баргузор шуд

Дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон- шаҳри Остона ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон К.Н. Қосимов баргузор гардид.

Страницы