Мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолону сокинони шаҳри Ҳисор
Опубликовано сб, 05/11/2016 - 12:53 пользователем tvtДар шаҳри Ҳисор пас аз ифтитоҳи Комбинати металлургии тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва сокинон мулоқоти судманду самимӣ доир карданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро, ки ҳамасола 6 ноябр таҷлил мегардад, ҳамчунин ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногунро дар шаҳри Ҳисор ба ҳозирин ва кулли шаҳрвандони мамлакат муборакбод гуфтанд.