Самаранокии идоракунии молияи давлатӣ ва аҳамияти он дар рушди устувори иқтисодиёти миллии Тоҷикистон
Опубликовано ср, 30/11/2016 - 12:09 пользователем tvtДонишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон рӯзҳои 1-2 декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси илмию амалии байналмилалӣ доир менамояд.
Тавре аз Донишкадаи мазкур хабар доданд, конфронс дар мавзӯи «Самаранокии идоракунии молияи давлатӣ ва аҳамияти он дар рушди устувори иқтисодиёти миллии Тоҷикистон» бо дастгирии Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Дастгирии самтҳои интихобшудаи ислоҳоти Идоракунии молияи давлатӣ (ИМД), Лот 1 гузаронида мешавад.