Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Таиланд Маҳа Ваҷиралонгкорн
Опубликовано чт, 01/12/2016 - 09:36 пользователем tvtАсосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Таиланд Маҳа Ваҷиралонгкорн барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
«Аълоҳазрат,
Шуморо ба муносибати ба даст гирифтани зимоми умури Подшоҳи Шоҳигарии Таиланд сидқан табрику таҳният мегӯям ва бароятон дар сарварии кишвари ба мо дӯст комёбӣ орзу менамоям.