Оғози сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Чехия
Опубликовано пт, 02/12/2016 - 07:36 пользователем tvtСубҳи рӯзи 1-уми декабри соли равон муқарароти расмии истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Чехия ташриф оварданд дар саҳни Қасри Прагаи Ҷумҳурии Чехия баргузор шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан самимона истиқбол гирифта, ба шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд.