«Пешвои миллат ва ҳалли муаммоҳои обии сайёра»- конфронси илмӣ-амалӣ дар ДДХ

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 таҳти унвони «Пешвои миллат ва ҳалли муаммоҳои обии сайёра» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, Анвар Мақсудӣ, ректори донишгоҳ зикр кард, ки «21 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии СММ қатъномаро зери унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бо иттифоқи оро ва ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул намуд. Ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд».
Абдулфаттоҳ Раҳимов, муовини ректор оид ба корҳои таълим дар мавзӯи «Ташаббус ва ҳадафҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили об» маърӯза намуда, аз ҷумла гуфт, ки дар баробари ин ташаббусҳои бузург имрӯз низ Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об дар минтақа ва ҷаҳон фаъолона иштирок намуда, иқдому ташаббусҳои наву муҳимро дар ин самт пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳонӣ менамояд.

АМИТ «Ховар»

Tags: