Хабар

Дар шаҳри Бӯстон дар доираи «16 рӯзи мубориза бо хушунат нисбат ба занон» ҳамоиш доир шуд

Дирӯз дар боғи истироҳатӣ-мадании ба номи Садриддин Айнии шаҳри Бӯстон оид ба пешгирии зӯроварӣ ва хушунат дар оила ҳамоиш доир гардид.

Дар рӯзи аввали зимистон ҳавои Тоҷикистон офтобӣ мешавад

Имрӯз, 1 декабр дар рӯзи аввали зимистон дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд, 1 декабр ҳаво дар қаламрави ҷумҳурӣ рӯзона то 8 дараҷа гарм шуда, шабона то 3 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Аз ҷумла, бар асоси пешгӯии обуҳавошиносон, ҳарорати ҳаво дар Суғд то 5-7 дараҷа, Хатлон 6 -9 дараҷа, навоҳии тобеи марказ 3 -6 дараҷа ва дар ғарби ВМКБ то — 1+4 дараҷа гарм хоҳад шуд.

1 декабр- Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО. Дар Тоҷикистон 43 маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО фаъолият доранд

Аз соли 1987 дар тамоми дунё 1 декабр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО таҷлил мешавад.  Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин рӯзро ҳамасола таҷлил менамояд. Бемории Вируси норасоии масунияти одам бемории музмин буда, танҳо аз шахси сироятшуда ба одами солим мегузарад. Мутахассисон муайян кардаанд, ки ин беморӣ ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳои яккаратаи тамъизнашуда, алоқаҳои ҷинсии беҳимоя ва  аз модари сироятшуда ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ ба тифл метавонад гузарад.

Страницы