То охири ҳафта дар ҷумҳурӣ ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст

Мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ ба сокинони кишвар то охири ҳафта аз ҳавои бебориш ва баландшавии ҳарорати ҳаво хабар медиҳанд. Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯзҳо дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебоориш шуда, дар баъзе минтақаҳо фаромадани туман дар назар дошта шудааст.
Имрӯз дар пойтахти кишвар ҳаво тағйирёбанда ва бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 8 то 10 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳо барфи кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят то 5 дараҷа гарм шуда, дар шарқи он аз 6 то 11 дараҷа хунукӣ дар назар дошта шудааст.
Дар вилояти Xатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва дар баъзе ҷойҳо боридани барфи кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо аз 3 то 8 дараҷа гармӣ пешгӯйӣ мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барфи кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 6 то 11 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: