«Оши палав» ба феҳристи ЮНЕСКО расман ворид карда шуд
Опубликовано пт, 02/12/2016 - 15:53 пользователем tvtДар давоми 4 рӯз аз 28 ноябр то 2 декабр дар пойтахти Эфиопия- шаҳри Аддис-Абеба ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ баргузор гашт, ки дар он бахшҳои гуногун аз кишварҳои ҷаҳон пешниҳод шуда буданд. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 бахшҳои «Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавӣ ва фазои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон» ва «Наврӯз» барои сабт гардидан ба Феҳристи шаклии ЮНЕСКО оид ба фарҳанги ғайримоддӣ пешниҳод гашта буд.