Ҷавонону занони фаъоли ноҳияи Вахш Паёми Пешвои миллатро дастури кори худ хонданд

Дар қасри фарҳанги ноҳияи Вахш бо иштироки сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Раъно Раҳимзода оид ба баррасӣ ва фаҳмонидани моҳияти Паёми навбатии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ҳамоиш доир гардид.
Дар ҷамъомад оид ба моҳият ва муҳтавои Паёми Пешвои миллат ва ташаббусҳои Сарвари давлат дар самти об дар сатҳи байналмилалӣ сухан гуфтанд.
Иштирокчиёни ҳамоиш ҳамзамон масъалаҳои зиёд намудани теъдоди занонро дар соҳаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар марказҳои хизматрасонӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: