Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Паёми Пешвои миллат мавриди шарҳу баён қарор гирифт

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандон суҳбати озод баргузор гардид. Зимни суҳбат бандҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шуданд.
Умед Давлатзод, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни шарҳи бандҳои Паём чунин гуфт: «Мақсади мазмуну муҳтавои Паёми имсолаи Пешвои миллат ба фарқ аз паёмҳои пешина, пеш аз ҳама, дар он буд, ки он на танҳо як фосилаи кӯтоҳи рушди кишварро дар бар мегирифт, балки фосилаи нисбатан дарозтар ва тӯлонитари рушди иқтисодиву иҷтимоии онро дар бар мегирифт. Аз ин лиҳоз моро лозим аст, ки дар партави Паёми Пешвои миллат фаъолият намуда, ба натиҷаҳои дилхоҳ ва назаррас ноил гардем».
«Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар соли 2017-ро соли ҷавонон эълон карданд. Ин иқдоми наҷибро мо, ҷавонон ҷониборӣ менамоем ва масъулияти худро ба хубӣ дарк мекунем»,- иброз дошт Барно Ёрова, мутахассиси пешбари Раёсати саноат ва инфрасохтори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

АМИТ «Ховар»

Tags: