Хабар

Нақши Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар таҳкими суботи минтақа мавриди муҳокима қарор дода шуд

Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад дар мавзӯи «Нақши СААД доир ба ҳифзи субот дар Осиёи Марказӣ: самтҳои ҳамкорӣ ва дурнамо» баргузор гардид. Дар ҷамъомад намояндагони корпуси дипломатии кишварҳои аъзои СААД (Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони вазорату идораҳои дахлдор, коршиносони соҳавии мустақил, инчунин намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок доштанд.

Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи арзишҳои суннатӣ таҳия шудааст

Дар Маҷлиси намояндагон бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони дастгоҳи Парлумони мамлакат машварат дар мавзӯи «Роҷеъ ба заминаҳои ҳуқуқии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Мулоқоти Сарвазири мамлакат бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд таҳти роҳбарии Директори Бонки мазкур  оид ба Осиёи Марказӣ Нил Маккейн мулоқот намуд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории молиявии дуҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Страницы