Имрӯз дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ) нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Илҳом Амонзода, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон зикр кард, ки шуъбаи робитаҳои хориҷии ДТТ дар соли таҳсили 2016-2017 тавонист дар як зумра лоиҳаҳои грантии Иттиҳоди Аврупо иштирок намуда, мубодилаи байналмилалии донишҷўён ва устодонро таъмин намояд.
«Дар давраи зикргардида зиёда аз 85 нафар устодон ва донишҷўён дар доираи амалишавии лоиҳаҳои грантии байналмилалӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои Барномаҳои ТЕМПУС ва Эрасмус Мундуси Иттиҳоди Аврупо, Ташкилоти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ), LOGO — Кишоварзӣ ва мувозинати экологӣ бо Аврупои Шарқӣ дар таҷрибаомўзӣ, курсҳои бозомўзӣ ва такмили ихтисос иштирок намуда, соҳиби диплому сертификатҳо гардиданд»,- гуфт ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.
Ҳоло дар донишгоҳ 12 нафар шаҳрванди хориҷӣ (аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон) таҳсил доранд, ки 5 нафари онҳо тибқи бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
АМИТ «Ховар»