Хабар

Дар хазинаи китобхонаҳои ноҳияи Ёвон қариб 150 ҳазор нусха китоб мавҷуд аст

Барои ҷалби хонандагони китобхонаҳои ноҳияи Ёвон дар давоми соли 2016 аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ 224 нусха китоби тозанашри бадеӣ, бачагона ва соҳавӣ ба маблағи 2385 сомонӣ ва 2000 дона варақаи хонандагон ба маблағи 600 сомонӣ, инчунин аз ҳисоби буҷаи ноҳия ба маблағи 10000 сомонӣ 229 нусха китоб харид шудааст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ Ховар масъулини Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон иттилоъ доданд.

Ширкати С. Аслов дар мулоқоти кории вазирони кишварҳои узви СААД дар Ҳамбург

Дар шаҳри Ҳамбурги Олмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар мулоқоти кории вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки дар ҳошияи Иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи САҲА баргузор гардид, ширкат кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Олмон

Дар шаҳри Ҳамбурги Олмон дар ҳошияи иҷлосияи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) 7 декабр мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Волтер Штайнмайер баргузор гардид.

Страницы