Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии XIII Жаутиков сазовори 2 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ гардиданд
Опубликовано чт, 19/01/2017 - 19:12 пользователем tvtҲафт хонандаи тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии XIII Жаутиков аз фанҳои математика, физика ва технологияи иттилоотӣ сазовори 2 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ гардиданд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар иттилоъ доданд, аз 11 то 18 январи соли 2017 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон XIII Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков аз фанҳои математика, физика ва технологияи иттилоотӣ баргузор гардид, ки дар он 3 даста Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.