Хабар

Неругоҳи Сарбанд соли 2016 ба миқдори 1 миллиарду 126 миллион кВт неруи барқ истеҳсол намуд

Дар давоми соли сипаригардида аз ҷониби корхонаҳои саноатии шаҳри Сарбанд ба маблағи 179,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,5 миллион сомонӣ зиёд буда, 109,5 % — ро ташкил медиҳад.

«Агроинвестбонк» додани пули нақдро барқарор намуд

ҶСК «Агроинвестбонк» додани пули нақдро дар банкоматҳои худ ва хизматрасонии кортҳои пардохтиро дар ташкилотҳои хизматрасонию савдо барқарор намудааст.

Дар ин бора сомонаи расмии бонк хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти бонк, меъёри гирифтани пули нақд дар як  рӯз 600 сомонӣ буда,  хариди молу маҳсулот бемаҳдуд мебошад.

АМИТ «Ховар»

 

Сокинони ноҳияи Сангвор аз Паёми Пешвои миллат ҷонибдорӣ карданд

 Гурӯҳи кории  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати шарҳ додани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳайати Рустам Ҳайдаров, доктори илмҳои фалсафа, мудири шуъбаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Юнус Юсуфӣ- муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Нарзулло Каримов- устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ ва роҳбарони ма

Страницы