Дар Душанбе ба хотири саҳмгузорӣ дар рушди сайёҳӣ маросими ҷоизасупорӣ доир мегардад

22 феврали соли равон дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба хотири саҳмгузорӣ дар рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон — 2016 доир мегардад. Ин иқдом бо мақсади мусоидат ба рушди устувори соҳаи туризм, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба муаррифии имконият ва захираҳои сайёҳии Тоҷикистон, ҳавасманд гардонидани субъектҳои хоҷагидори соҳаи сайёҳӣ, мутахассисони соҳа, меҳмонхона ва иншооти хизматрасонӣ, ки дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат саҳм мегузоранд, роҳандозӣ шудааст.
«Андешидани тадбирҳои судманд баҳри ҳарчи бештару беҳтар тарғибу ташвиқи иқтидору захираҳои туристии Тоҷикистон, ҷалб намудани ҷавонон ба соҳаи туризм ва омодасозии кадрҳои соҳаи туризм, алалхусус роҳбаладҳо дар макотиби сатҳи олӣ, масъалаҳои қабул ва пешкаш кардани хизматрасонии муносиб ба туристони хориҷӣ яке аз ҳадафҳои аслии барнома маҳсуб мешавад»,- хабар доданд аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ.

АМИТ«Ховар»