Дар соли 2017 «Тоҷик Эйр» хатсайрҳои нав ифтитоҳ мекунад
Опубликовано пн, 23/01/2017 - 13:27 пользователем tvtҶамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» дар соли 2017 ният дорад ба якчанд самтҳои нав хатсайр ифтитоҳ намояд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори генералии ин ширкат Хайрулло Раҳимов иттилоъ дод.
Бино ба гуфтаи Хайрулло Раҳимов, ширкат дар нимсолаи якуми соли 2016 парвозҳоро ба самти Душанбе-Пекин-Душанбе бо хизматрасонии ҷойҳои дараҷаи тиҷоратӣ ва инчунин парвозҳоро ба самти Душанбе-Сургут-Душанбе ва Хуҷанд-Нижневартовск-Хуҷанд роҳандозӣ намуд.