Имрӯз дар шаҳри Ӯши Қирғизистон дастаи «Дордой»-и Бишкек дар доираи аввалин рақобатҳои плей-офии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) бар дастаи «Ҳосилот»-и Фархор бо натиҷаи 1:0 ғалаба кард. Ягона голро Алишер Азизов ба нишон расонд.
Дар дақиқаи 30-юми вохӯрӣ барои дағал бозӣ карданаш дар муқобили Анатолий Власевич ҳимоятгари дастаи «Ҳосилот» Содиқ Мӯсо бо корти дуюми зард аз майдон ронда шуд ва футболбозони кишварамон то анҷом 10-нафара бозӣ карданд.
Бозии ҷавобии ин дастаҳо 28 феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мегузарад. Аз рӯи натиҷаи ду вохӯрӣ дастаи ғолиб ба гурӯҳи «Д»-и Осиёи марказӣ, ки дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, Алтин Асир»-и Туркманистон ва «Алай»-и Қирғизистон қарор доранд, ҳамроҳ мешавад.
АМИТ «Ховар»