Телефони боварии Вазорати корҳои дохилӣ 176 муроҷиат дар бораи содиршавии ҷиноятро қабул кардааст
Опубликовано пн, 23/01/2017 - 17:03 пользователем tvtДар давоми соли 2016 ба телефони боварии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади роҳандозии ҳамкории бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ташкил шудааст, 2 ҳазору 429 шаҳрванд муроҷиат намудаанд. Аз ин 176 муроҷиат дар бораи содиршавии ҷиноят ва 1 ҳазору 400 муроҷиат оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ мебошанд. Дар ин бора аз ВКД хабар доданд.