Субҳи имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо мақсади шиносоӣ ва бартараф намудани мушкилиҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ аз километри 48-уми деҳаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб дидан кард.
Тавре сомонаи расмии вазорати мазкур хабар медиҳад, Рамазон Раҳимзода зимни боздид барои ҳарчӣ зудтар кушодани шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ба масъулини соҳа дастуру супоришҳо дод.
Фаъолияти Ситоди ҳолатҳои фавқулода ҷоннок гардида, дар ин самт техникаҳои иловагӣ аз ҳарду тараф таъмин карда шуданд.
Ситоди ҳолатҳои фавқулода ба ҳолати омодабош дароварда шуда, дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои кормандони наҷот ҳама лавозимоту техникаи зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Айни замон корҳо барои поксозии роҳи Душанбе-Чаноқ идома дошта, фаъолияти Ситоди ҳолатҳои фавқулода оид ба сари вақт ба ҷои ҳодиса ҳозир шудан, расонидани кумак ба зарардидагон, наҷот додани одамон ва дигар чорабиниҳои бартарафкунии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода таҳти назорати доимӣ қарор дорад.