Хабар

385 иншоот ва 5773 манзили зисти шаҳрвандон таҳти санҷиши зиддисӯхторӣ қарор гирифтанд

Бо супориши роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои зиддисӯхторӣ дар иншооти муҳими давлатии баландошёна, хобгоҳу манзилҳои истиқоматӣ аз ҳисоби ҳайати шахсии Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва воҳидҳои он, инчунин Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе, нозирони минтақавии милитсия ва идораҳои фурӯши барқ гурӯҳҳои корӣ таъсис шуданд.

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Питер Буриан

Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Питер Бурианро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар Қасри миллат таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 баргузор шуд.

“Оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” ҳисоботи раиси шаҳри Кӯлоб шунида шуд.

Страницы