Хабар

Имрӯз дар ағбаҳои кӯҳӣ туман ва яхбандӣ пешбинӣ мешавад

Аз 23 то 25 январи соли 2017 дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор гардида, дар водиҳо боридани борону барфи зиёд ва паст фаромадани ҳарорати ҳаво то 8-12 дараҷа дар назар дошта шудааст. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои алоҳидаи баландкӯҳҳо, хусусан дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабона ҳарорати ҳаво то 30-35 дараҷа паст мефарояд. Агентии мазкур ҳавои имрӯзаи пойтахтро абрнок пешгӯйӣ карда, аз боридани барф хабардор мекунад.

Нисбат ба падару модарони 30 нафар ноболиғону ҷавонон санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд

Кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ-маърифатӣ дар самти пешгирии омилҳои номатлуб миёни насли наврас, аз қабили оворагардии ноболиғон ва таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пайваста тадбир меандешанд.

Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷҳои ҳунар» мақомхононро даъват менамояд

Бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии мақомхонон таҳти унвони «Ганҷҳои ҳунар» баргузор мегардад.
Фестивал-озмун бо мақсади арҷ гузоштан ба мероси бойи аҷдодон, эҳё ва тарғибу ташвиқи суннатҳои қадимаи ниёгон, ривоҷу равнақи санъати миллӣ ва анъанаҳои асили мақомсароиву мақомнавозӣ, пайдо ва дастгирӣ кардани чеҳраҳои нав ва иҷрокунандагони ҷавон гузаронида мешавад.

Страницы