Дар шуъбаи коргардонҳои овози “Телевизиони Тоҷикистон” 10 нафар фаъолият мекунанд, ки ҳамаи онҳо дорои таҷрибаи мукаммал дар соҳаи садобардорӣ ва соҳиби маълумоти олӣ мебошанд.
Доимо барои сабт намудани барномаҳо чӣ дар дохили студияҳо ва чӣ берун аз он бо маҳорати баланд ва рўҳияи болида ифои вазифа менамоянд.
Ногуфта намонад, ки доимо кормандони шуъбаи коргардонҳои овози “Телевизиони Точикистон” дар корҳои ҷамъиятӣ ва супоришҳое, ки аз ҷониби раҳбарият дода мешавад, саривақт расидагӣ мекунанд.
Аҳли шуъба якдилона мақсади хуберо роҳандозӣ кардаанд, ки шогирдонро барои омўхтани касби коргардони овоз ҷалб намуда, ба як шахси содиқи касбӣ табдил дода, ба телевизионҳои дигари давлатӣ ба кор пешниҳоду сафарбар менамоянд.
Кормандон доимо бо шиори “Зинда бод, Пешвои миллат! Ҷовидон бод, сулҳу осоиштагии Ватан! бо завқи баланду боварӣ аз фардои дурахшонтари он фаъолияти пурсамар карда истодаанд.