Зоиров Қобилҷон Бароталиевич

Мудири шуъбаи коргардонҳои овози «Телевизиони Тоҷикистон»
Зоиров Қобилҷон Бароталиевич 10.08.1993 дар н.Данғараи  в.Хатлон таваллуд ёфтааст.
Соли 2008 ба Муассисаи давлатии Коллеҷи санъати ба номи А.Бобоқулов-и ш.Душанбе дохил шуда, онро дар соли 2012 бо ихтисоси режиссёр хатм намудааст.
Солҳои 2013-2018 Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторовро низ бо ихтисоси коргардони сабти овоз ба итмом расонидааст.
Соли 2011 дар «Телевизиони Тоҷикистон», шуъбаи коргардонҳои овоз ба ҳайси коргардони овоз фаъолиятро шуруъ намудааст.
Соли 2017 дар Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон курси таҳия ва танзими барномаҳо ба воситаи технологияҳои аудио-видеоии вертуалиро бомуваффақият хатм намудааст.
Аз моҳи январи соли 2021 инҷониб дар вазифаи Мудири шуъбаи коргардонҳои овози «Телевизиони Тоҷикистон» ифои вазифа дорад.
Бо Ифтихорномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.