Саидов Ориф Гурезович

Коргардони овози «Телевизиони Тоҷикистон»

Саидов Ориф Гурезович с.т 25.11.1962
Зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат
Миллат тоҷик
Маълумот оли

Соли 1984 ба Донишгоҳи санъати ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, онро соли 1989 бомуваффақият хатм карда, аз соли 1980 ба телевизиони Точикистон ба кор омада, то соли 1981 ба ҳайси ёвари коргардон фаъолият намудаст.

Солҳои 1981- 1983 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмат намуда, бозпас аз соли 1983 то 2004 дар шуъбаи коргардонҳои овози телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси коргардони овоз фаъолият намудааст. Аз 2004 то 2020 мудири шуъбаи коргардонҳои овози телевизиони Тоҷикистон буд.

Тайи ин солҳо барои фаъолияти пурсамар дар телевизион бо Ифтихорномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, нишони сарисинагии Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон, мукофоти давлатии медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шудааст.