Раҳимов Қурбоналӣ Қамарович

Коргардони овози «Телевизиони Тоҷикистон»

Раҳимов Қурбоналӣ Қамарович 07.05.1995 дар ш.Душанбе таваллуд ёфта, хатмкардаи мактаби миёнаи умумии №36 н.Шоҳмансури ш.Душанбе мебошад,
Муассисаи давлатии Коллеҷи санъати ба номи А.Бобоқулови шаҳри Душанберо соли 2015 ва шуъбаи режиссёри идҳои оммавии Донишкадаи санъат ва фарҳанги ба номи М. Турсунзодаро соли 2021 ба итмом расонидааст.
Аз соли 2017 то 2018 дар шуъбаи коргардонҳои овози «Телевизиони Тоҷикистон» таҷрибаомузӣ карда, аз соли 2018 инҷониб расман кор ва фаъолият карда истодааст.