Раҷабов Абдураҳмон Дилшодович

Коргардони овози «Телевизиони Тоҷикистон»

Раҷабов Абдураҳмон Дилшодович, соли таваллуд 20.03.1964, зодаи н.Рудакӣ.

Хатмкардаи мактаби миёнаи 148 ва Омўзишгоҳи маданӣ ва равшаннамоии зодгоҳаш дар соли 1983 мебошад.
Солҳои 1983-1985 дар сафи Қушунҳои ҳарбӣ адои хизмат намуда, аз соли 1987 ба сифати ёрдамчии коргардони овози телевизиони Тоҷикистон ба кор шуруъ кардааст.
Айни ҳол коргардони дараҷаи олӣ шуда, кор ва фаъолият мекунад.
Бо Ифтихорномаҳо ва нишони Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст.