Адҳам Меҳрона

Коргардони овози «Телевизиони Тоҷикистон»

Адҳам Меҳрона 28.04.1994 дар ш.Душанбе таваллуд ёфта, хатмкардаи мактаби миёнаи умумии №94 ш.Душанбе мебошад.
Соли 2012-ум ба Муасисаи давлатии Коллеҷи санъати ба номи А.Бобоқулови ш.Душанбе дохил шуда, онро соли 2016 бо ихтисоси коргардони овоз хатм намудааст. Соли 2017 ба шуъбаи режиссёри идҳои оммавии Донишкадаи санъат ва фарҳанги ба номи М.Турсунзода дохил шуда, соли 2021 хатм кардааст.
Аз соли 2016 инҷониб ба ҳайси коргардони овози шуъбаи коргардонҳои овози “Телевизиони Тоҷикистон” кор ва фаъолият мекунад.