Зоиров Қобилҷон Бароталиевич

Мудири шуъбаи коргардонҳои овози

«Телевизиони Тоҷикистон»

Зоиров Қобилҷон Бароталиевич 10.08.1993 дар н.Данғараи в.Хатлон таваллуд ёфтааст. Хатмкардаи мактаби миёнаи умумии №82 ш.Душанбе буда, соли 2008 ба Муассисаи давлатии Коллеҷи санъати ба номи А.Бобоқулов-и ш.Душанбе дохил шуда, онро дар соли 2012 бо ихтисоси режиссёр хатм намудааст.

Солҳои 2013-2018 курси пурраи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторовро низ бо ихтисоси коргардони сабти овоз ба итмом расонидааст.

Солҳои 2011-2020 дар «Телевизиони Тоҷикистон», шуъбаи коргардонҳои овоз ба ҳайси коргардони овоз фаъолият намудааст.

Соли 2017 дар Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон курси таҳия ва танзими барномаҳо ба воситаи техналогияҳои аудио-видеоии вертуалїро бомуваффақият хатм намудааст.

Аз моҳи январи соли 2021 инҷониб дар вазифаи Мудири шуъбаи коргардонхои овози «Телевизиони Тоҷикистон» ифои вазифа дорад.