ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби Афғонистон ғалаба кард

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси тоҷик Рустам Қурбонов дар нахустин бозӣ дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дастаи мунтахаби наврасони Афғонистонро бо ҳисоби 3:0 мағлуб намуд.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин бозии ҷолиб дар варзишгоҳи Донишкадаи нақлиёти шаҳри Тошканд баргузор шуда, ду голро ҳимоятгар Меҳрубони Абдурауф ба нишон расонид. Як голи дигарро Салоҳиддин Эргашев аз ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонид.

Дар ду бозии дигари даври аввал дастаи мунтахаби наврасони Ӯзбекистон бар ҳамсолонашон аз Туркманистон бо ҳисоби 4:1 ва дастаи мунтахаби наврасони Эрон бар дастаи мунтахаби наврасони Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 ғолиб шуданд.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври дуюми мусобиқот имрӯз, 24 июл баргузор мегарданд. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби наврасони Ӯзбекистон бозӣ мекунад.

Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Тошканд соати 18:00 шурӯъ мешавад,

АМИТ«Ховар»