Дастаи мунтахаби духтарони то 16-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи якуми интихобии Чемпионати Осиё-2019 оид ба футбол миёни духтарони то 16-сола дар гурӯҳи «С» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо мунтахаби Ҷазираҳои Мариянаи Шимолӣ қувва озмуда, бо натиҷаи 3:0 ғалаба кард.
Дастпарварони Тоҷиддин Наботов дар ин вохӯрӣ маҳорати хуб нишон дода, тавонистанд дар дақиқаи 18-ум ҳисобро кушоянд. Амина Собирова –ҳамлагари дастаи мунтахаби Тоҷикистон муаллифи голи аввалин гардида, дарвозабони дастаи мунтахаби Ҷазираҳои Мариянаи Шимолиро маҷбур кард, ки боз ду тӯби дигарро дар дақиқаҳои 56-ум ва 57-ум аз дарвозааш гирад. Ин аввалин хет-трики Амина дар силсилаи ин бозиҳо мебошад.
Дар даври дуюм духтарони футболбози Таиланд дастаи мунтахаби Сингапурро бо ҳисоби 6:0 шикаст доданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон марҳилаи якуми интихобии Чемпионати Осиё оид ба футбол мийни духтарони то 16-сола идома ва дар он дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Таиланд, Эрон, Сингапур ва Ҷазираҳои Мариянаи Шимолӣ иштирок доранд.
Тибқи низомномаи мусобиқа, аз шаш гурӯҳ ду дастаи ҷойҳои якум ва дуюм ба бозиҳои марҳилаи дуввум роҳхат гирифта, ду дастаи беҳтарини мақоми сеюм низ чунин имкониятро соҳиб хоҳанд шуд.
Бояд гуфт, ки се дастаи беҳтарини Чемпионати қаблии Осиё – ҶХДК, Кореяи Ҷанубӣ ва Япония ба чемпионате, ки соли оянда дар Таиланд баргузор мегардад, роҳхати мустақим ба даст оварданд.
Марҳилаи аввал. Гурӯҳи «С».
Даври 2
ТОҶИКИСТОН – Ҷазираҳои Мариянаи Шимолӣ – 3:0
Голҳо: Амина Собирова, 18 (1:0). Амина Собирова, 56 (2:0). Амина Собирова, 57 (3:0).
Тоҷикистон: Луиза Саидамарова, Нисо Абдуллоева, Нилуфар Абдулҳаева, Карина Мирзоева, Сайёҳат Раҷабова (Зиёда Ғафурова, 83), Рухшона Файзуллоева (Дилдора Раҳмонова, 61), Зевар Шамсова, Лайло Кучкинова, Матлуба Сафарова, Мадина Давлатова (Миҷгона Марофиева, 52), Амина Собирова.
Довари майдон: Кин Лианг (Чин).
Нозири доварон: Мариа Пиедаде Ребелло (Ҳиндустон).
Комиссари бозӣ: Мелисса Кинг (Австралия).
17 сентябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 350 тамошобин.
Сингапур – Таиланд – 0:6
Голҳо: Кхванҷира Нгок Вонг, 41 (0:1). Ҷаниста Ҷинанантуя, 44 (0:2). Плуемҷай Сонтисават, 45+1 (0:3). Кхванҷира Нгок Вонг, 51 (0:4). Арита Матчаванич, 82 (0:5). Ҷаниста Ҷинанантуя, 90 (0:6).
Довар дар майдон: Ребека Дуркау (Австралия).
Нозири доварон: Май Хоанг Транг (Ветнам).
Комиссари бозӣ: Труонг Хиеу Хуонг (Ветнам).
17 сентябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 140 тамошобин
Б | Ғ | М | Б | Т/т | И | ||
1 | Эрон | 1 | 1 | 0 | 0 | 12-0 | 3 |
2 | Таиланд | 1 | 1 | 0 | 0 | 6-0 | 3 |
3 | Тоҷикистон | 2 | 1 | 0 | 1 | 4-4 | 3 |
4 | Сингапур | 2 | 1 | 0 | 1 | 4-7 | 3 |
5 | Ҷазираҳои Мариянаи Шимолӣ | 2 | 0 | 0 | 2 | 0-15 | 0 |
Бозиҳои боқимонда*:
Даври 3-юм
19 сентябр (чоршанбе)
16:00 – Эрон – Сингапур
19:00 – Таиланд – ТОҶИКИСТОН
Даври 4-ум
21 сентябр (ҷумъа)
16:00 – Ҷазираҳои Мариянаи Шимолӣ – Таиланд
19:00 – Эрон – ТОҶИКИСТОН
Даври 5-ум
16:00 – Сингапур – Ҷазираҳои Мариянаи Шимолӣ
19:00 – Таиланд – Эрон
*Эзоҳ: Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешаванд.
АМИТ «Ховар»