Чемпиони Тоҷикистон- дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар даври дуюми бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) дар гурӯҳи «D»-и минтақаи марказӣ, дар меҳмонӣ бо дастаи «Алтин Асир»-и Ашқобод қувва озмуда, бо ҳисоби 1:1 бозиашро мусовӣ анҷом дод ва ин ду даста бо 4 имтиёзӣ ҳамоно дар зинаҳои аввали ҷадвали ин гурӯҳ қарор доранд.
Ҷаҳонгир Алиев дар дақиқаи 31-уми бозӣ ҳисобро боз карда, меҳмононро ба сафи пеш баровард. Зарбаи Алтимурод Аннадурдиев дар нимаи дуюми вохӯрӣ дар иҳотаи се нафар муҳофизатгарон дарвозабони «Истиқлол» Никола Стошичро дар ғафлат гузошт ва ҳисоб баробар шуд. Ин натиҷа то анҷоми бозӣ боқӣ монд ва «Истиқлол» мавқеи худро дар садри ҷадвали мусобиқот нигоҳ дошт.
Дар ин рақобат Ромиш Ҷалилов дар вақти иловашуда корти дуюми зард гирифта, майдонро тарк кард.
Бозии дигари гурӯҳи «D» байни дастаҳои «Дордой»-и Бишкек ва чемпиони ин кишвар-«Олой»-и Ӯш баргузор гардид ва он бо ғалабаи «Дордой» бо ҳисоби 1:0 ҷамъбаст шуд.
Ёдрас мешавем, ки дастаи «Истиқлол» дар нахустин бозиаш дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО бар дастаи «Дордой» бо нишондоди 2:0 пирӯз шуда буд.
Даври 3-юми мусобиқа 18 апрел гузаронида мешавад ва «Истиқлол» дар майдони худ бо «Олой» ва «Дордой» бо «Алтин Асир» вориди рақобат мешаванд.
АМИТ «Ховар»