ФУТБОЛ: Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби Туркманистон дастболо шуд

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол дар даври сеюми чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ  дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон  дастаи  мунтахаби Туркманистонро бо  ҳисоби 2:0 мағлуб кард.

Тавре аз  Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тӯбҳоро аз дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ Фирдавси Олимзода ва Меҳрубони Абдурауф ба ҳадаф расониданд.

Баъд аз сипарӣ шудани се давр дастаҳои мунтахаби наврасони Ӯзбекистон ва Эрон бо касби 9 имтиёзӣ дар зинаҳои якум ва дуюми ҷадвал қарор доранд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар ду бозӣ пирӯз ва дар як дидор мағлуб шудааст, бо дарёфти 6 хол дар ҷои 3-юм қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки 28 июл дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби наврасони Қирғизистон рақобат мекунад.

АМИТ«Ховар»