Тавсеаи ҳамкории гуногунсоҳаи Тоҷикистону Туркманистон дар Ашқобод баррасӣ гардид

Масъалаҳои  густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон дар соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш дар Ашқобод зимни мулоқоти  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода бо муовини раиси Девони  вазирони Туркманистон Сапардудӣ Толиев дар Ашқобод баррасӣ гардиданд.

Инчунин  Фаррух Шарифзода дар Ашқобод бо Мақсат Бабаев, муовини дигари раиси Девони Вазирони Туркманистон  вохӯрӣ анҷом дод. Дар мулоқот мусоҳибон омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкории судманд дар бахшҳои энергетика,  нафту газ, аз ҷумла таъмини маҳсулоти нафтӣ, кокс,  гази табиӣ ва  моеъ, ҷустуҷӯи конҳо ва истихроҷу коркарди онҳо,  таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҷудо намудани  бурсияҳо барои  таҳсилоти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии нафту гази Туркманистон иброз доштанд.

Аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳамзамон Сафири Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода бо Вазири маорифи Туркманистон  Пурлӣ Агамирадов мулоқот карда,  дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистонро дар бахши илму маориф матраҳ намуданд.

АМИТ"ХОВАР"