Аз 29 июн то 2 июли соли равон Театри ӯзбек бо сафари ҳунарӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Театри давлатии мусиқии Ӯзбекистон ба номи Муқимӣ бо намоишномаи «Арӯси бесалиқа» ба Тоҷикистон сафари ҳунарӣ анҷом медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, намоишномаи «Арӯси бесалиқа» 29 июн дар шаҳри Хуҷанд дар саҳнаи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандӣ, 30 июн дар шаҳри Душанбе дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ ва 1 июл дар шаҳри Бохтар дар саҳнаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии вилоятии ба номи А.Муҳаммадҷонов манзури ҳаводорони санъати театрӣ мешавад.
Гуфта мешавад, ки сафари ҳунарии ҳунарпешаҳои ӯзбек дар доираи созишномаи ҳукуматҳои ду кишвар бо мақсади густариши муносибатҳои фарҳангӣ, таҳкими равобити дӯстӣ, баланд бардоштани завқи бадеӣ ва шинос гардонидани тамошобини тоҷик бо санъати театрии ӯзбек сурат мегирад.
АМИТ "Ховар"