Хатлон ба хориҷи мамлакат беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот намудааст

Дар нуҳ моҳи соли равон аз вилояти Хатлон ба давлатҳои Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Литва, Афғонистон, Покистон, Туркия, Ироқ, Амороти Муттаҳидаи Араб ва дигар мамлакатҳо беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту мевагӣ ва полезиҳо  содирот шудаанд.

Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар»  бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.

Мудири бахши намояндагии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Шарофиддин Асомиддинзода иброз дошт, ки дурнамои содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон беш аз 115 дарсад иҷро гардид. Маҳсулоти содиргардида нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 246 тонна бештар аст.

Шарофиддин Асомиддинзода  зикр намуд, ки имсол дар вилоят ҳосили фаровони пиёз ва дигар анвои сабзавоту мевагиҳо ҷамъоварӣ гардид. Ба хориҷи мамлакат асосан 92 867 тонна пиёз, 3723 тонна мева ва лимӯ, 2744 тонна ангур, 60 тонна полезӣ, 60 тонна каду ва 1443 тонна дигар анвои маҳсулот содирот шудааст.

Ёдовар мешавем, ки иҷрои дурнамои содиротро шаҳри Бохтар 193 фоиз, ноҳияҳои Ҷайҳун 135 фоиз ва Дӯстӣ 114 фоиз таъмин намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: