COVID-19. Дар Тоҷикистон 86,3%-и гирифторони коронавируси нав шифо ёфтанд

Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 36 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 8 сентябр ба 8860 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз дар мамлакат 7650 ё худ 86,3%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 70 нафар фавтидаанд.

«Шабонарӯзи охир 87 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 34 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд», — илова намуданд аз маркази матбуоти вазорат.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави  CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

АМИТ «Ховар»

Tags: