Дирӯз дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инкишофи сиёсати ҳуқуқии кишвар» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва устодону донишҷӯён иштирок ва сухан карданд.
«Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз барои дурнамои инкишофи давлати миллии Тоҷикистон баромад намуда, рушду инкишофи соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқиро барои давраҳои миёнамуҳлат муайян месозад»,-иброз дошт Дилшод Раҳмон, декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ.