Дар Душанбе ҳамоиши доираҳои соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир мегардад
Опубликовано пн, 19/02/2018 - 17:43 пользователем tvtНимаи аввали моҳи марти соли равон дар Душанбе Бизнес-форуми доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мегардад. Интизор меравад, ки дар ҳамоиши тиҷоратӣ доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон масъалаҳои муҳими марбут ба тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратии байни ду давлати ҳамсояро матраҳ намуда, санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонанд.