Рамазон Раҳимзода: «Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бе пойгоҳи асосии зарурӣ ташкил шудаанд»
Опубликовано пт, 23/02/2018 - 11:37 пользователем tvtДирӯз бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба 25-умин солгарди таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади бошукӯҳ доир гардид.
Тавре аз ин Вазорат хабар доданд, дар ҷамъомад сардорони Раёсат, собиқадорон, ҳайати шахсии дастгоҳи марказӣ, ҷузъу томҳои ВКД ва меҳмонон иштирок доштанд.