17-18 феврали соли равон дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе таҳти унвони «Рӯзҳои Япония» намоиш ва барномаи фарҳангӣ доир гардид.
Дар намоиш намояндагони сафоратҳо ва корпусҳои дипломатии муқими мамлакат, намояндагони соҳаи фарҳангу илм ва дӯстдорони санъату фарҳанги Япония иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Тоҷикистон Ҳаҷимэ Китаока дар ифтитоҳи намоиш иброз дошт, ки маҳфили мазкур ду сол инҷониб баргузор мегардад ва аз дӯстию муносибати хуби Тоҷикистону Япония гувоҳӣ медиҳад.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода баён дошт, ки Тоҷикистону Япония ду давлате мебошанд, ки бо ҳам умумияти зиёд доранд. «Новобаста ба тараққиёти техника ва технологияи ҳозиразамон ҳам Тоҷикистон ва ҳам Япония ба ҳифзи таъриху ёдгориҳои антиқӣ ва эҳёву рушди ҳунарҳои мардумӣ аҳамияти махсус медиҳанд»,-гуфт Вазири фарҳанг.
Дар ҷараёни баргузории намоиши мазкур дар иҷрои овозхонони қувваи босираашон суст аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Россия барномаи консертии ҷолиб манзури бинандагон гардид.
Ҳамчунин дар барномаи «Рӯзҳои Япония» консерт ва иҷрои асбобҳои мусиқии японӣ, баргузории намоишҳои фарҳангии японӣ, аз ҷумла, санъати ҳарбии будо, хаттотӣ, маросими омода кардани чой, оригамӣ, бозичаҳои японӣ, либоси японӣ ва филми японии «Касе нест, ки маро нигоҳубин кунад» ҷой доштанд, ки писанди тамошобинон гардиданд.
АМИТ "Ховар"