Нимаи аввали моҳи марти соли равон дар Душанбе Бизнес-форуми доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мегардад. Интизор меравад, ки дар ҳамоиши тиҷоратӣ доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон масъалаҳои муҳими марбут ба тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратии байни ду давлати ҳамсояро матраҳ намуда, санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонанд. Ҳамкории гуногунсоҳа, аз ҷумла, иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз пеш густариш меёбад.
Бояд тазаккур дод, ки дар зарфи як соли охир робитаҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тақвият ёфтанд. Соли 2017 дар шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд ҳамоиши соҳибкорон ва намоиши молҳои саноатии истеҳсоли Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор ва ташкил карда шуд. Ҳамзамон соли гузашта баъд аз 25 сол миёни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд парвози мустақим тавассути ҳавопаймоҳо ба роҳ монда шуд. Инчунин ташрифи ҳайатҳои баландпояи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба давлатҳои ҳамдигар бозгӯи тақвияти равобити мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон аст.
Тибқи омори расмӣ, ҳаҷми табодули мол байни ду давлат соли 2017 ба 126 миллион доллар баробар гардидааст, ки аз он 69 миллион доллар воридоти мол аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва 57 миллион доллар содироти мол аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистонро ташкил медиҳад.
АМИТ "Ховар"