Тоҷикистон ва ҷаҳон

ЭҲТИЁТ – НИМИ ҲАЁТ! Дар роҳи Душанбе – Хуҷанд 4 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расиданд

Тавре қаблан хабар дода будем,  тайи чанд рӯзи охир   дар шоҳроҳи мошингарди   Душанбе – Чаноқ, алалхусус аз километри 47 то 160-уми  он  боришоти бардавом ва башиддати  барф  идома дорад. 15 феврал ҳангоми  тармафароӣ дар қитъаи 69 –уми ҳамин роҳ    ду мошини сабукрав, ки    аз Душанбе ба самти Хуҷанд ҳаракат мекарданд, зери  барф  монданд.

Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид

 Масъалаҳои марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Озарбойҷон дар мулоқоти  раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух  Ҳамрализода бо Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мамедзода Ҳасан Дилсуз Оғлу дар Душанбе баррасӣ гардиданд.

Барқияи тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари фоҷеабори тирпарронӣ дар яке аз мактабҳои иёлоти Флоридаи Иёлоти Муттаҳидаи Америкаро, ки боиси ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани шумораи зиёди шаҳрвандон гардид, бо андӯҳи бепоён дарёфтам.

Страницы