Тоҷикистон ва ҷаҳон

Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Фоҷеаи ҷон бохтани мардум бар асари суқути ҳавопаймои мусофирбар дар вилояти Исфаҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон боиси андуҳи амиқи мо гардид.

Бо изҳори ҳамдардиву тасаллияти самимии хеш ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон сабри ҷамил хоҳонам».

Вакилони Парлумони Тоҷикистон шартҳои пардохти кумакпулӣ барои бекориро баррасӣ карданд

Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ»  дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси  намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуд.

Гуфтушунид оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Аз 7 то 16 феврали соли 2018 дар шаҳри Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.

Страницы