Хабар

Ярмаркаи маҳсулоти хӯрокворӣ бахшида ба Иди саиди Фитр

Имрӯз дар шафати бинои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ярмаркаи навбатии фурӯши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ бахшида ба Иди саиди Фитр барои ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ доир шуд.
Ярмаркаи мазкур барои дастгирии иҷтимоии ҳайати шахсӣ ва пурғановат гардонидани дастархони идонаи онҳо равона гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолият дар Ваҳдат

Бахшида ба ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат сохтмони се синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таълимии деҳаи Файзрез ва як бинои иловагии мактаб дар деҳаи Гулафшон барои 400 нафар хонанда дар як баст аз ҳисоби маблағгузории волидайни хонандагон идома дорад.

Туҳфаҳои хайриявии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба «Хонаи кӯдакон»

Бахшида ба Иди фитр Китобхонаи миллии Тоҷикистон тасмим гирифт ба муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакон»-и № 1-и махсусгардонидашудаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе туҳфаҳои хайриявӣ тақдим намояд.
Аз ин рӯ субҳи дирӯз гуруҳи кормандони Китобхонаи миллӣ бо сарварии Директори Китобхона, профессор Сайфиддин Назарзода ба муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакон»-и № 1 рафта, туҳфаҳои хайрияивро ба тарбиятгирандагон супориданд.

Страницы